“Макони пур аз меҳр”. Дар Хуҷанд барои фурӯши дастранҷи шахсони имконияташон маҳдуд мағоза мекушоянд

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 3-юми декабр Рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, 1-уми декабр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоиш ва фурӯши дастранҷи маъюбон ташкил карда шуд. Дар ин намоиш, шахсони дорои имконияти маҳдуд, тавонистанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоранд ва бо харидорон рӯбӣрӯ мулоқот намоянд. Рамзиддин Ҷӯраев, раиси […]

Авзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 3-юми декабр Рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, 1-уми декабр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоиш ва фурӯши дастранҷи маъюбон ташкил карда шуд. Дар ин намоиш, шахсони дорои имконияти маҳдуд, тавонистанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоранд ва бо харидорон рӯбӣрӯ мулоқот намоянд.

Рамзиддин Ҷӯраев, раиси ҷамъияти шахсони имконияташон маҳдуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва яке аз масъулини баргузории ин намоиш мегӯяд, ки “дар байни ин қишри ҷомеа нафарони ҳунарманд зиёданд ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо сифати хуб доранд”.

“Мутассифона, аҳолии кишвар аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин қишри ҷомеа огоҳии зиёд надоранд, аз ин лиҳоз, доираи мушаххаси огоҳ дастранҷи шахсони имконияташон маҳдудро харидорӣ мекунанд”, – мегӯяд Рамзиддин Ҷӯраев.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, шахсони имконияташон маҳдуд дар ин минтақа ба зиндагӣ хушбинанд ва барои зиндагии шоиста талош мекунанд.

“Шахсони имконияташон маҳдуд қолабҳои шахшударо шикаста, ба истеҳсоли маҳсулоти хеле босифар машғуланд. Дар байни онҳо заргар, кӯрпадӯз, юрмадӯз ва соҳибкасбони дигар зиёданд. Ҳадафи аслии мо ҳам аз ташкили ин намоиш, барқарор намудани робита байни истеҳсолкунанда ва харидор аст”,- мегӯяд Рамзиддин Ҷӯраев.

Муҳайёхон Аскарова, яке аз нафароне аз шаҳри Исфара аст, ки дар ин намоиш дастранҷи худро муаррифӣ намуд. Ӯ нобино буда, як фарзандашро танҳо тарбия мекунад ва дар ин баробар, аз матоъҳои боқимондаи пардаву дастархон ҳар гуна ашёҳо месозад.

“370 сомонӣ нафақа мегирам, аммо барои ба таври шоиста пеш бурдани зиндагии худ ва фарзандам талбандагӣ намекунам, ягон касро интизор шуда наменишинам, ки ба ман чизе диҳад. Меҳнат карда, зиндагиямро пеш мебарам”, – мегӯяд Муҳайёхон Аксарова.

Роҳбари ҷамъияти нобиноёни шаҳри Исфара Оқилхӯҷа Атохонов мегӯяд, ки дар ҷамъияти онҳо 213 нафар аъзо ҳастанд.

“Аксари аъзоёни ҷамъияти мо соҳибҳунаранд, аммо қобилияти кориашон маҳдуд аст. Аз ин лиҳоз, мо онҳоро бо корҳои сабук таъмин мекунем. Онҳо болишт, кӯрпа, рӯйкашҳо барои беморхона, боғчаҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳҳо омода мекунанд”, – мегӯяд Оқилхӯҷа Атохонов.

Мамадқулова Нисо, иштирокчии дигари ин намоиш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки аз коғази қанд барои зебо намудани пардаҳои хона ороишот сохтааст. Ӯ ҳамчунин бофандагӣ ҳам мекунад ва ҳар гуна фармоиш қабун менамояд.

“Намехоҳам дар хона бекор нишинам. Ба бофандагӣ шавқ дорам. Боз фикр карда, ҳар гуна ашёҳо месозам. Фикр мекунам, агар аз самими қалб сохта шавад, ба дигарон ҳам писанд меояд”, – мегӯяд Нисо Мамадқулова.

Ташкили чунин намоиш, бар замми он, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи шахсони имконияташон маҳдудро ба ҷомеа муаррифӣ мекунад, ҳамчунин, ба онҳо умед мебахшад ва онҳоро рӯҳбаланд месозад.

Ин нуктаро роҳбари ташкилоти “Умед барои ҷомеа” Шералӣ Турсунов низ махсус зикр карда, мегӯяд: “Бо воситаи ин чорабини мо имконият фароҳам меорем, ки шахсони имконияташон маҳдуд аз ҳамдигар омӯзанд ва кори ҳамдигарро дида, рӯҳбаланд шаванд. Мехоҳем нишон диҳем, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо қадр доранд, арзиш доранд.

Дар поёни ин намоиш, Рамзиддин Ҷӯраев, раиси ҷамъияти маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин гуфт, ки ҳадаф доранд, бо дастгирии ҳукумати вилоят дар оянда мағозаи махсусе барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи шахсони имконияташон маҳдуд ташкил намоянд. Дар ин мағоза танҳо он маҳсулоте ба фурӯш гузошта мешавад, ки шахсони имконияташон маҳдуд истеҳсол кардаанд.

Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 80 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат карда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар вилоят беш аз 94 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.