Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдуд карда шуд

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаши калонҷҳаҷм муваққатан манъ карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки масъули нигаҳдориву хидматрасонӣ ба ин роҳ аст. Ба иттилои манбаъ, дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе – Чаноқ боришоти пуршиддати барф ба қайд гирифта шудааст. “Тамоми шаб роҳ аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаши калонҷҳаҷм муваққатан манъ карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки масъули нигаҳдориву хидматрасонӣ ба ин роҳ аст.

Ба иттилои манбаъ, дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе – Чаноқ боришоти пуршиддати барф ба қайд гирифта шудааст.

“Тамоми шаб роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, ҳоло ҳаракати нақлиёти сабукрав имконпазир аст. Барои фураҳо ва дигар мошинҳои калонҷҳаҷм роҳ баста аст”, – гуфтанд дар филиали ширкат.

Зикр шуд, ки ҳаракати баъзе аз навъҳои нақлиёт бо мақсади пешгирии ҳолатҳои танбашавӣ дар ин роҳ маҳдуд шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон барф борида истодааст.

Дар ин робита тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар роҳҳои мошингард фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 9 декабр дар қаламрави кишвар обуҳавои хунук пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо борон ва барфи тар борида, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо пуршиддат боридани барф дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.