“Бачаи обӣ” ва “Умед”. Ду филми тоҷикӣ соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ шуданд

Ду филми тоҷикӣ дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ ва Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (SWIFF) соҳиби ҷойи якум, ҷоизаи махсус ва беҳтарин нақши мардона гардидаанд. Дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ зери унвони “Московская премьера” филми бадеии “Бачаи обӣ (Water boy)” соҳиби ду ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин нақши мардона” гардидааст. Дар ин бора коргардони […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду филми тоҷикӣ дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ ва Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (SWIFF) соҳиби ҷойи якум, ҷоизаи махсус ва беҳтарин нақши мардона гардидаанд.

Дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ зери унвони “Московская премьера” филми бадеии “Бачаи обӣ (Water boy)” соҳиби ду ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин нақши мардона” гардидааст. Дар ин бора коргардони тоҷик Файзулло Файзов хабар медиҳад.

Ба гуфти ӯ, ин филм дар бахши рақобат миёни 10 филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ду ҷоизаи баландтарин гардид. Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Латвия ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Филми “Бачаи обӣ” қаблан дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шуда буд.

Ҳамин тавр, филми мустанади “Умед”, ки аз талоши хонандагони мактаб дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон таҳия шуда буд, дар Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (Student world impact film festival) соҳиби ҷоизаи фахрӣ гардидааст. Дар ин бора Исматулло Абдуллоев, таҳиягари филми мустанад, хабар медиҳад.

Филми мустанади “Умед” қаблан дар Ҷашнвораи “MediaCamp-Fest” сазовори  ҷойи сеюм гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир ба навор гирифтани филмҳои кӯтоҳ ва мустанад дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шуда, аксаран соҳиби ҷоизаҳои минтақавиву байналмилалӣ мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.