Виктор Бутро бо Бритни Гринер иваз карданд. Онҳо ҳарду афв шуданд

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки шаҳрванди Русия Виктор Бут, ки дар Амрико ҳукми худро адо мекард, имрӯз, 8-уми декабр, дар фурудгоҳи Абу-Дабии АМА бо Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ, ки дар Русия маҳкум гардида буд, иваз карда шудааст. Дар ин бора “ИНТЕРФАКСЕ” бо такя ба ВКХ-и Русия иттилоъ медиҳад.

Ин расона менависад, ки “Русия муддати тӯлонӣ бо Амрико дар бораи раҳоии Виктор Бут музокира мекард”.

Ин расона навиштааст, ки дар оғоз Вашингтон аз муколама дар бораи шомил кардани шаҳрванди Русия ба нақшаи мубодила ба таври қатъӣ худдорӣ мекард, аммо бо вуҷуди ин, Русия ҷиҳати раҳосозии шаҳрванди хеш талош намуд.

“Дар натиҷаи талошҳои анҷомшуда имкон пайдо гардид, ки бо ҷониби Амрико дар мавриди табодули Виктор Бут бо Бритни Гринер тавофуқ ҳосил шавад. Шаҳрванди Русия ба ватанаш баргардонида шуд", – иқтибос меорад ин расона аз вазорати хориҷаи Русия.

Дар ҳамин ҳол, агентии иттилоотии ТАСС аз қавли Иван Мелников, ноиби раиси бахши Русияи Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар навишт, ки Виктор Бут ва Бритни Грейнер набояд мӯҳлати боқимондаи ҳукми худро дар ватани худ сипарӣ кунанд.

“Виктор Бути рус ва Бритни Грейнери амрикоӣ қабл аз мубодилаи расмӣ дар Абу-Дабӣ афв шуданд ва мӯҳлати боқимондаи ҳукми худро дар кишварашон сипарӣ намекунанд”, – менависад ТАСС.

Ёдовар мешавем, ки Виктор Бут, ки аз ӯ чун “шоҳи тиҷорати яроқ” ном мебаранд, зодаи Тоҷикистон аст ва дар Амрико барои 25 сол маҳкум шудааст. Ӯ барои омодагӣ ба фурӯши силоҳ ба шӯришиёни Колумбия ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ бошад, моҳи март дар вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир аз марз боздошт шуда, баъдан ба 9 соли зиндон ва пардохти 1 миллион рубл ҷарима маҳкум шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...