Хатари тармафароӣ боқӣ мемонад. Ҳушдори КҲФ оид ба вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ

Рӯзҳои 9-11-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаҳои пурбориши роҳи Душанбе-Чаноқ, аз километри 47 то километри 79-ум эҳтимоли фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои бидуни […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рӯзҳои 9-11-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаҳои пурбориши роҳи Душанбе-Чаноқ, аз километри 47 то километри 79-ум эҳтимоли фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ худдорӣ намуда, аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирони онҳо ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд постгоҳҳои муваққати сайёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Кумита гуфтааст, ки роҳҳои дигари ҷумҳуриро кормандонаш якҷо бо кормандони сохторҳои дигар, аз ҷумла Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ назорат мебаранд.

“Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи бухориҳо ва дигар таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд”, – таъкид кардааст КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, 8-уми декабр, дар роҳи Душанбе-Чаноқ ду садама рух додааст.

Дар километри 67 роҳи мазкур як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрдааст ва дар натиҷа мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шудааст.

Дар пайи ин садама касе осеби ҷиддӣ набардоштааст.

Садамаи дуюм соати 11:08 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 57 рух додааст. Ду мошини тамғаи “Дулан”, ки яке аз Душанбе ба самти Хуҷанд ва дуюмӣ аз Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат будаанд, ба ҳам бархӯрданд.

Дар натиҷаи ин садама ронандагони ҳарду мошин маҷруҳ шуда, ба бемористони Варзоб интиқол дода шуданд.

Бар асари ин садама, рӯзи 8-уми декабр, роҳи мазкур муваққатан баста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.