Орд то 280, гӯшт 55 ва равған 19 сомонӣ. Дар Душанбе ярмаркаи солинавӣ ташкил мешавад

Дар арафаи Соли нави 2023 дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мешавад ва дар он маҳсулоти ниёзи аввал нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Абдусалом Нозимов, корманди Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ярмарка аз 21-ум […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар арафаи Соли нави 2023 дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мешавад ва дар он маҳсулоти ниёзи аввал нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Абдусалом Нозимов, корманди Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ярмарка аз 21-ум то 31-уми декабр дар Бозори “Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва назди Бозори “Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил мешавад.

Гуфта мешавад, ки ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ташкил мегарданд.

Ин масъули шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар ярмаркаҳо нархи орд аз 230 то 280 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, шакар 8,2 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 19 сомонӣ, картошка 3,6 сомонӣ, пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, биринҷ 10,5 сомонӣ муайян гардидаанд. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.

“Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд”, – гуфтааст Абдусалом Нозимов.

Номбурда мегӯяд, дар ярмаркаҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо шаҳрдории Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил мекунад, то аҳолӣ тавонанд баъзе маҳсулоти заруриро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас кунанд. Вале сокинон мегӯянд, ҳарчанд нархи маҳсулоти ярмаркаҳо арзон, вале сифати маҳсулот нисбат ба бозор пасттар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.