Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав рӯзҳои 1 ва 2-юми январ истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ду рӯзи истироҳат ба хотири ба рӯзи якшанбе рост омадани соли нав пешбинӣ гардидааст.
“Азбаски имсол рӯзи ид ба рӯзи якшанбе, яъне ба рӯзи ғайрикорӣ рост меояд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи кории оянда ба таври худкор рӯзи истироҳат мешавад”, – шарҳ дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ гуфт, шаҳрвандоне, ки дар як ҳафта 5 рӯзи корӣ доранд, яъне аз душанбе то ҷумъа кор мекунанд, рӯзҳои 31-уми декабри соли 2022 ва 1 – 2-юми январи соли 2023 истироҳат мекунанд.
Бояд гуфт, ки имсол арчаи асосии кишвар ба фарқ аз солҳои қаблӣ, ки дар Майдони “Дӯстӣ” гузошта мешуд, дар Майдони “Истиқлол” қомат афрохт.
Арчаи солинавӣ дар пойтахт 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст. Дар майдон инчунин нуқтаҳои савдо кушода шуданд, ки аз онҳо хӯрокворӣ, нушокӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии солинавӣ харидан мумкин аст.
Дар ин баробар, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки дар арафаи Соли нав дар чаҳор ноҳияи пойтахт баргузории консертҳои идона дар назар аст. Дар ҳар кадоми онҳо аллакай арчаҳои солинавӣ гузошта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 31-уми декабр, соати 20:30 дар назди арчаи асосии майдони “Истиқлол” бо ширкати ҳунармандони маъруф барномаи бошукӯҳ дар назар аст.
Дар мавриди салют ва оташбозӣ аз шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ҳанӯз маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдорӣ хабар доданд, ки қабл аз соли нави мелодӣ, 29-уми декабр дар бинои Сирки давлатӣ барои кӯдакони ятим барномаи фарҳангӣ ташкил шуда, дар доираи он ба онҳо афсонаи “Шаби мӯъҷизаҳо” намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин, ба кӯдакони ятим тӯҳфаҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ хоҳанд расид.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пайиҳам дар пайи пандемия бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар майдони асосии кишвар барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор намегардид. Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 гирифта шуда буд.


