Тоҷикистон моҳи ноябр содироти барқро 62% зиёд кард

Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 2,1 млн доллар барқ содир намуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, […]

Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 2,1 млн доллар барқ содир намуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, ки 10,2% бештар дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли 2021 (ҳудуди 93,6 млн доллар) аст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,2%-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки DABS аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми мооҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 19,2 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Ҳудуди 93,8%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, зиёда аз 6,2% – дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) – дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи октябр сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз интиқоли маҳдуди нерӯи барқ шикоят доранд.

Ширкати “Барқи тоҷик” дар изҳороти хеш миёнаи моҳи ноябри соли ҷорӣ сабаби маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро камобӣ дар  сарчашмаҳои захираҳои обии кишвар ва корҳои тармиму – профилактикӣ унвон карда буд. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.