Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустӣ таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд

Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди сироят»-и Барномаи рушди тандурустӣ кишвар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳҷизоти тиббӣ тақдим намуд. Номгӯи тайҷҳизоти зарурӣ дар натиҷаи баҳисобгирӣ ва мувофиқаи бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст. Таҷҳизоти тиббӣ ба шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, кӯдакона, таваллуд ва ҷарроҳӣ, […]

Asia-Plus

Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди сироят»-и Барномаи рушди тандурустӣ кишвар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳҷизоти тиббӣ тақдим намуд.

Номгӯи тайҷҳизоти зарурӣ дар натиҷаи баҳисобгирӣ ва мувофиқаи бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст.

Таҷҳизоти тиббӣ ба шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, кӯдакона, таваллуд ва ҷарроҳӣ, инчунин кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дар Исфара, Б. Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Панҷ, Вахш, Бохтар, Шаҳритӯс, Варзоб, Шаҳринав, Роғун, Рӯдакӣ ва Турсунзода расонида мешавад. Таҷҳизоте, ки соли равон харидорӣ шудааст 14 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла:

750 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ;

Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакон ва таваллуд дар 15 муассисаҳои ёрии сатҳи дуюми тиббӣ;

Инчунин, озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои алоҳидаи 25 ноҳияҳо.

Дар маросими супоридани таҷҳизот Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Худоназар Очимамадов, роҳбари барномаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Осама Маккавӣ, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷҳизоти барои муассисаҳои тиббӣ пешбинишударо аз назар гузаронида, ба ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуд ва аз чунин як саҳми саривақтӣ ва муҳим барои соҳаи тандурустии кишвар истиқбол кард.

Барномаи рушди тандурустӣ таҳти шиори “Саломатӣ бидуни истисно барои ҳама” дар давраи солҳои 2021 то 2025 амалӣ мешавад. Барномаи мазкур бо буҷаи умумии 52,2 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, идомаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли зиёда аз се даҳсола бо мақсади татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 расонида мешавад. Дар соли аввали татбиқи он се агентии иҷрокунанда – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ барои ноил шудан ба Фарогирии умумиҷаҳонии тандурустӣ (UHC) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии назаррасро расониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.