Вазорати корҳои дохилии Русия аз хатари шиддат гирифтани ихтилофҳо бо муҳоҷирон дар қаламрави кишвар огоҳ мекунад. Дар Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025 дар ин бора сухан меравад.
Мувофиқи матни санад дар бораи ворид намудани тағйирот ба Консепсия, чунин ҳолат дар натиҷаи ба хориҷа ҳиҷрат кардани шаҳрвандони Русия ба вуҷуд омада метавонад. Лоиҳа аз ҷониби ВКД Русия омода шуда, санад дар портали федералии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.
“Дар соли 2022 бо таъсири шароити тағйирёфтаи иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳоҷирати аҳолии Русия ба хориҷа афзоиш ёфт. Дар ин замина раванди рушдёбандаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ иваз намудани камшавии табиии аҳолӣ ва муҳоҷират, дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия хатари авҷ гирифтани низоъҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад”, – омадааст дар санад.
Дар лоиҳа зикр мешавад, ки афзоиши босуръати шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, инчунин хоҳиши онҳо ҷиҳати зисти ҷудогона ва хос нисбат ба аҳолии маҳаллӣ, ба ташаккули қавмҳои этникӣ боис мегардад.
“Дар ин гуна маҳаллаҳо мақомоти ғайридавлатӣ ва тобеияти ғайрирасмӣ таъсис ёфта, вазъи ҷинояткорӣ бадтар мешавад, иқтисод ва бозори меҳнати пасипардагӣ ташаккул меёбад, низоъҳои байни миллатҳо ва мухолифатҳои динӣ ба вуҷуд меоянд, симои иҷтимоӣ ва муҳити фарҳангӣ тағйир меёбанд”, – таъкид мешавад дар санад.
Дар робита ба вазъи кунунӣ, вазорат зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати эҷоди механизмҳои ҷолиби молиявӣ, андоз, иҷтимоӣ ва дигар механизмҳои ҳифзи сармояи инсонӣ ва коҳиши хуруҷи шаҳрвандон ба хориҷро эълон кард.
Ҳамчунин дар ВКД такмили механизмҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ва фарзандони онҳо, аз ҷумла шахсони шаҳрвандии Русия гирифтаро зарур медонанд.


