ВКД Русия аз хатари шиддатёбии низоъҳои иҷтимоӣ бо муҳоҷирон огоҳ кард

Вазорати корҳои дохилии Русия аз хатари шиддат гирифтани ихтилофҳо бо муҳоҷирон дар қаламрави кишвар огоҳ мекунад. Дар Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025 дар ин бора сухан меравад. Мувофиқи матни санад дар бораи ворид намудани тағйирот ба Консепсия, чунин ҳолат дар натиҷаи ба хориҷа ҳиҷрат кардани шаҳрвандони Русия ба вуҷуд омада метавонад. Лоиҳа […]

Вазорати корҳои дохилии Русия аз хатари шиддат гирифтани ихтилофҳо бо муҳоҷирон дар қаламрави кишвар огоҳ мекунад. Дар Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025 дар ин бора сухан меравад.

Мувофиқи матни санад дар бораи ворид намудани тағйирот ба Консепсия, чунин ҳолат дар натиҷаи ба хориҷа ҳиҷрат кардани шаҳрвандони Русия ба вуҷуд омада метавонад. Лоиҳа аз ҷониби ВКД Русия омода шуда, санад дар портали федералии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.

“Дар соли 2022 бо таъсири шароити тағйирёфтаи иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳоҷирати аҳолии Русия ба хориҷа афзоиш ёфт. Дар ин замина раванди рушдёбандаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ иваз намудани камшавии табиии аҳолӣ ва муҳоҷират, дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия хатари авҷ гирифтани низоъҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад”, – омадааст дар санад.

Дар лоиҳа зикр мешавад, ки афзоиши босуръати шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, инчунин хоҳиши онҳо ҷиҳати зисти ҷудогона ва хос нисбат ба аҳолии маҳаллӣ, ба ташаккули қавмҳои этникӣ боис мегардад.

“Дар ин гуна маҳаллаҳо мақомоти ғайридавлатӣ ва тобеияти ғайрирасмӣ таъсис ёфта, вазъи ҷинояткорӣ бадтар мешавад, иқтисод ва бозори меҳнати пасипардагӣ ташаккул меёбад, низоъҳои байни миллатҳо ва мухолифатҳои динӣ ба вуҷуд меоянд, симои иҷтимоӣ ва муҳити фарҳангӣ тағйир меёбанд”, – таъкид мешавад дар санад.

Дар робита ба вазъи кунунӣ, вазорат зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати эҷоди механизмҳои ҷолиби молиявӣ, андоз, иҷтимоӣ ва дигар механизмҳои ҳифзи сармояи инсонӣ ва коҳиши хуруҷи шаҳрвандон ба хориҷро эълон кард.

Ҳамчунин дар ВКД такмили механизмҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ва фарзандони онҳо, аз ҷумла шахсони шаҳрвандии Русия гирифтаро зарур медонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.