Тоҷикистониён Соли навро бе барф пешвоз мегиранд

Тоҷикистониён Соли нави 2023-ро бе барф пешвоз хоҳанд гирифт. Боришоти назаррас пешбинӣ намешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, Соли нав бо обуҳавои нисбатан гарм ва бидуни боришоти назаррас фаро расида, танҳо рӯзи 31-уми декабр каме борон меборад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 31 декабр дар Душанбе […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистониён Соли нави 2023-ро бе барф пешвоз хоҳанд гирифт. Боришоти назаррас пешбинӣ намешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, Соли нав бо обуҳавои нисбатан гарм ва бидуни боришоти назаррас фаро расида, танҳо рӯзи 31-уми декабр каме борон меборад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 31 декабр дар Душанбе ҳавои камабр бо туман дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 6-8 ва шабона 0-2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14º хунук, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5º хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14º хунук, рӯзона 0-5º хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º хунук, рӯзона 1+6º гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17º хунук, рӯзона -3+2º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 44-46º хунук), рӯзона 8-13º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 16-18º хунук) мешавад.

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки моҳи январи соли 2023 дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ қарор дошта,  дар баъзе ноҳияҳо то 1° аз меъёр баланд мешавад.

Дар назар аст, ки моҳи январи соли оянда 1-3 дараҷа хунуктар нисбат ба соли гузашта хоҳад буд (январи соли 2022 ҳарорати моҳона 2-4 дараҷа гармтар буд). Ҳарорати миёнаи моҳона дар моҳи январи соли 2023 дар водиҳо, НТМ ва вилояти Хатлон 1-3 дараҷа гарм, вилояти Суғд – 0+2 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо -1+2 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан аз меъёр болотар дар назар аст: дар водиҳо 39-75 мм (дар ноҳияҳои ҷудогона 9-28 мм), дар доманакӯҳҳо – 34-102 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 39-99 мм, дар ноҳияҳои баландкӯҳ – 2-6 мм.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.