spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Э.Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат ваъда дод, ки дигар ба сар задани ҷангӣ шаҳрвандӣ роҳ нахоҳад дод



           

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳраки Ғарм зимни суханронӣ назди собиқадорони ҷангу меҳнат президенти Тоҷикистон бо қатъият изҳор дошт, ки ҳама гуна амалҳои ифротиеро, ки ба оромии халқамон халал ворид месозанд, пешгирӣ мекунад ва ягонагии марзу бум, суботу амнияти сиёсӣ ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин хоҳад кард.





           

«Мову шумо шоҳид ҳастем, ки дар таърихи гузаштаи начандон дури мо гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тарғибгари андешаҳои тундгаро ва инсонситези бегона

  

сатҳи пасти маърифати динии сокинони кишварро истифода намуда, ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ асос гузоштанд. Дар он рӯзҳо аксаран ҷавонони бетаҷриба ба гирдоби мухолифатҳои мафкуравӣ ва мазҳабӣ кашида шуданд, ки ин низоъ оқибат ба муқовимати мусаллаҳона, қурбонии зиёди ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсиву маънавӣ дар ҷомеаи мо боис гардид. Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпараст бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва бо ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосе пайдо шудаанд, ки бо ақидаҳои инсонситезӣ ва тундгароӣ мехоҳанд дар миёни мардум кишвар боз тафриқа андозанд», – таъкид сохт ӯ.




           

Дар суханронии худ сарвари давлат оид ба нақши дин дар ҷомеа, мақоми пайдокардаи он дар солҳои соҳиьистиқлолии кишвар ва масъулияти ходимони дин дар назди ҷомеа ва насли наврас ҳарф зад.



«Бо дарназардошти ин нукта ва бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ вашахсиятҳои барӯманду фарзона, омӯзиши фаъолияти пурдоманаи илмиву адабӣ ва диниву фиқҳии онҳо, инчунин тавсеаи муколамаву ҳамбастагии тамаддунҳо

 

соли 2009-умро, ки баробар бо 1310-солагии таваллуди пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам мебошад, соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон кардем. Ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама шинохти асли ислом ба воситаи яке аз равияҳои асосии дини ислом-мазҳаби ҳанафӣ буда, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги инсониву динӣ, тарбияи насли озодаву солеҳ, парвариши андешаи солим, аъмоли неку писандида, ахлоқи ҳамидаи аҳли ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, аз зери бори гарони тақлид ва таассубу хурофот раҳо кардани мардум аст, ки намунаи барҷастаи он дар кору пайкори Абӯҳанифа зоҳир мегардад», – афзуд Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...