Нархномаҳои хидматрасониҳои пулакии тиббӣ ва таълимӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 тағйир намеёбанд

Дар Тоҷикистон нархномаҳо ба хидматрасониҳои пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ барои соли 2023 бояд дар сатҳи амалкунанда бетағйир нигоҳ дошта шаванд. Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ба муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хидматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ карда мешаванд, дахл надорад. Ин қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷрои […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархномаҳо ба хидматрасониҳои пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ барои соли 2023 бояд дар сатҳи амалкунанда бетағйир нигоҳ дошта шаванд.

Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ба муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хидматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ карда мешаванд, дахл надорад.

Ин қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷрои дастури ҳукумати Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2022 қабул шудааст.

Мувофиқи фармоиши Хадамот, ба Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ва назорати фаъолияти рекламавӣ, Раёсатҳо ва Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармоиши мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, назорати иҷрои онро таъмин намоянд.

Зикр мешавад, ки нархномаи хидматрасониҳои нақшавии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббии Тоҷикистон (муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хидматрасониҳои пулакии нав) дар соли 2023 тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи калкулятсия ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шуда, бо тартиби муқарраргардида ба мувофиқа расонида шаванд.

Ҳамчунин тибқи фармоиши дигари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 22 декабр, нархномаҳои хидматрасонии пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) бетағйир ба мувофиқа расонида шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.