Ба ҳаракати мошинҳои сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иҷоза шуд

Date:

Баъди чанд муддат баста шудани шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бар асари тармафароиҳо, айни замон ҳаракати мошинҳои сабукрав тариқи ин роҳ барқарор шуд.

Ба иттилои "IRS" ҳоло ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав иҷозат дода шудааст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои тарма идома доранд.

Дар филиали ширкат зикр кардаанд, ки ки ҳоло барфи зиёд борида, хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Зимнан аз ронандагон хохиш карда мешавад, ки дар роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд.

Қаблан дар километрҳои 69, 71 ва 80-уми роҳ тармаҳои калон фаромада, ба муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт боис гардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан обуҳавошиносон огоҳ карда буданд, ки дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид дар назар буда, ҳарорат то 19-24 дараҷа хунук мешавад. Шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои кишвар боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву барфтӯда ва яхбандии роҳҳо пешгӯӣ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...