Бар асари тармафароӣ роҳи Душанбе – Чаноқ баста шуд

Бар асари фаромадани тармаҳо ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан қатъ гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд. "Дар километри 69  ва 71-уми роҳи Душанбе  – Чаноқ тармаҳои калон фаромад. Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тармаҳо ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан қатъ гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд.

"Дар километри 69  ва 71-уми роҳи Душанбе  – Чаноқ тармаҳои калон фаромад. Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд", – иттилоъ додааст IRS.

Дар ширкат зикр кардаанд, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин шоҳроҳ фаромадани тармаҳои нисбатан хурд ҳам ба мушоҳида мерасад.

Дар IRS итминон медиҳанд, ки ояндаи наздик роҳ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар роҳ барқарор мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш низ бар асари фаромадани тарма дар километри 80-ум роҳ муваққатан баста шуда буд.

Қаблан обуҳавошиносон огоҳ карда буданд, ки дар қаламрав кишвар обуҳавои номусоид дар назар буда, ҳарорат то 19-24 дараҷа хунук мешавад. Шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои кишвар боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву барфтӯда ва яхбандии роҳҳо пешгӯӣ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.