Тоҷикистон телефони мобилии “Vero” истеҳсол мекунад?

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре баҳс мешавад, ки гӯё дар Тоҷикистон тавлиди телефонҳои мобилии ватанӣ бо тамғаи “Vero” оғоз шудааст. «Азия-Плюс» то куҷо дуруст будани ин хабарро фаҳмид. Бояд гуфт, ки дастгоҳи мобилӣ навъе аз технологияи пешрафта аст ва мутаассифона, Тоҷикистон дар ин бахши истеҳсолот то ҳол ақиб мондааст. Бо пошхӯрии СССР кишвар […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре баҳс мешавад, ки гӯё дар Тоҷикистон тавлиди телефонҳои мобилии ватанӣ бо тамғаи “Vero” оғоз шудааст. «Азия-Плюс» то куҷо дуруст будани ин хабарро фаҳмид.

Бояд гуфт, ки дастгоҳи мобилӣ навъе аз технологияи пешрафта аст ва мутаассифона, Тоҷикистон дар ин бахши истеҳсолот то ҳол ақиб мондааст. Бо пошхӯрии СССР кишвар тамоми имкониятҳоро дар ин самт – аз захираҳои инсонӣ то иқтидори истеҳсолӣ аз даст дод.

Ниҳоде, ки масъулияти тавлиди дастгоҳҳои мобилӣ ё дигар навъҳои маҳсулоти технологиро бар ӯҳда дорад, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аст. Намояндагони ин мақомот мегӯянд дар бораи истеҳсоли телефонҳои мобилии ватанӣ бори аввал мешунаванд.

"Мо бори аввал дар ин бора маълумот мегирем. Шояд ин шӯхии касе бошад ё шояд яке аз соҳибкорон нақшаи роҳандозии истеҳсолотро дошта бошад ва ба мо нагуфтааст, аммо ба ҳар ҳол, ҳар як истеҳсолкунанда бояд ақаллан вазорати моро огоҳ кунад”, – гуфтанд дар вазорат ба “Азия-Плюс”.

Таъминкунандагони асосии дастгоҳҳои мобилӣ дар бозори Тоҷикистон, яъне паҳнкунандагон ва фурӯшандагони телефонҳои мобилӣ низ дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надоранд.

“Дар ин бора бори аввал мешунавем. Аз як тараф, ин хабари хуш аст, аммо мутаассифона, ин дуруст нест. Агар яке аз соҳибкорон нақшаи таъсиси истеҳсолотро дошта бошад, албатта мо аввалин шуда аз он огоҳ мешудем”, – гуфт яке аз соҳибкорон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.