Эрон дар Тоҷикистон донишгоҳ боз мекунад? Мақомоти тоҷик мегӯянд, иттилоъ надоранд

Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштиро боз кунад. Ин иқдом аз сӯи Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки перомуни ин мавзӯъ ягон иттилоъ надоранд. Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими ифтитоҳи бемористоне дар шаҳри Буҳман гуфтааст, Тоҷикистон дар шумули […]

Asia-Plus

Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштиро боз кунад. Ин иқдом аз сӯи Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки перомуни ин мавзӯъ ягон иттилоъ надоранд.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими ифтитоҳи бемористоне дар шаҳри Буҳман гуфтааст, Тоҷикистон дар шумули кишварҳое ҳаст, ки дар онҳо Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ боз мешавад.

Ба гуфтаи Баҳром Айнуллоҳӣ, кишвари Эрон дар соҳаи тиб ва тандурустӣ мақоми хубро дар ҷаҳон касб кардааст ва ҳоло эҳтиёҷоти худро комилан қонеъ мекунад.

“Имрӯз мо на танҳо эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии мамлакатро конеъ мегардонем, балки мамлакатҳои ҳамсояро ҳам метавонем, ки бо кадрҳои болаёқат таъмин намоем ва аз кишварҳои ҳамсоя барои табобат ба Эрон сафар мекунанд”, – афзудааст Айнуллоҳӣ.

Дар робита ба боз кардани Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, то ба ҳол ягон иттилоъ надоранд.

Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, дар ин хусус ба вазорат аз ҷониби кишвари Эрон то ба имрӯз ҳеҷ гуна маълумоти расмӣ дастрас нашудааст.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, перомуни ин масъала вазорати мазкур мактуби расмӣ нагирифтааст.

“Дар сафари охири Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба кишвари Эрон ҳам дар робита ба ин мавзӯъ ягон хел гуфтушунид анҷом нашудааст”, – гуфт Эмомалӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими ниҳоии мақомоти Тоҷикистон пас аз дидор ва гуфтушунидҳо бо ҷониби Эрон гирифта мешавад.

Ӯ афзуд, ки “интизор меравад, вобаста ба масъалаи мазкур масъулини марбутаи ин соҳа ва ректори Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ яке аз донишгоҳҳои давлатии Эрон буда, дорои 19 факулта, 3 корпус ва 16 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва марказҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир доктор Сайид Маҳмудризо Оқомирӣ ректори ин донишгоҳ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.