Ягона фарзанди Сайёра Дусаеваро ба Тоҷикистон оварданд

Ягона фарзанди Сайёра Дусаева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш барои ҳимояи худ ва номуси хеш даст ба куштори ошпази тарабхонае дар Маскав зад, ба Тоҷикистон баргардонида шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии Сафорат рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд. Манбаъ гуфт, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ягона фарзанди Сайёра Дусаева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш барои ҳимояи худ ва номуси хеш даст ба куштори ошпази тарабхонае дар Маскав зад, ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии Сафорат рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Манбаъ гуфт, ки ин ҳоло дар назди хешу табораш қарор дорад.

"Аз ҷониби Сафорат ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ноболиғи болозикр омода гардида, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табори наздикаш ба Ватан  мусоидат  карда шуд", – гуфтанд аз Сафорат.

Ёдовар мешавем, ки Сайёра Дусаева, зани ҷавони тоҷик барои куштори ошпази як қаҳвахона дар Маскав гумонбар мешавад. Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар мезанад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат мерасад.

Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буданд, ки барои Сайёра Дусаева вакили дифоъ ҷудо карда шуда, парвандаи ӯ таҳти пайгирии Сафорат қарор дорад.

Қаблан дар робита ба ин қазия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.

Додситонии куллии Тоҷикистон низ бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия хоста буд, ки қазияи Сайёра Дусаеваро холисона тафтиш намояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.