Соли гузашта дар Тоҷикистон кадом маҳсулот қимат шуд?

Аз ҳама зиёдтар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт. Дар соли 2022 нарх ва тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 4,2% боло рафтанд, ки 3,8% камтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Мизони таваррум дар соли гузашта нисбатан пасттар аз соли 2013 аст, ки он замон 3,7%-ро ташкил дода буд. Соли 2022 нархи […]

Аз ҳама зиёдтар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт.

Дар соли 2022 нарх ва тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 4,2% боло рафтанд, ки 3,8% камтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Мизони таваррум дар соли гузашта нисбатан пасттар аз соли 2013 аст, ки он замон 3,7%-ро ташкил дода буд. Соли 2022 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4,0% ва тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 1,9% боло рафтанд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шуда  буд.

Дар соли 2023 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху тарифҳо дар назар аст.

Дар интизории нархҳои баланд

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон як қатор омилҳоеро муайян кард, ки дар соли 2023 метавонанд ба болоравии назарраси нарху тарифҳои истеъмолӣ боис гарданд.

Дар “Дурнамои сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2023” гуфта мешавад, “ин омилҳо асосан аз ҳисоби таконҳои берунӣ – болоравии нархи ҷаҳонии молҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд”.

Дар санад зикр мешавад, ки ҳиссаи назарраси молу маҳсулот ба бозори Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад: “дар як вақт маҳсулоти воридотӣ дар сабади истеъмолӣ ҳудуди 60%-ро ташкил медиҳад”.

Бонки миллии Тоҷикистон эҳтимоли мизони баланди таваррумро ба омилҳои зерин вобаста медонад:

– коҳишёбии тиҷорати байналхалқӣ дар соли 2023 бинобар интизориҳои баланди таваррумӣ ва тағйир ёфтани занҷираи таъминот;

– эҳтимолияти боло рафтани қурби доллари ИМА нисбат ба
асъори дигар кишварҳо, вобаста ба пешбурди сиёсати қатъии
монетарӣ аз ҷониби Бонки марказии ИМА;

– эҳтимолияти боз ҳам мураккаб гардидани вазъи геосиёсӣ, инчунин идома ёфтани муноқишаи сиёсӣ байни Россия ва Украина, ки боиси боло рафтани нархи молҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворию энергетикӣ хоҳад гардид.

“Болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи сӯзишворию энергетикӣ боиси мушкилоти зиёд, аз ҷумла афзоиши сатҳи камбизоатӣ (гуруснагӣ) ва дигар нооромиҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд”, – таъкид мешавад дар Дурнамо.

Гуфта мешавад, бинобар ин, дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти хавфҳо ва фишорҳои эҳтимолии таваррумӣ дар доираи ваколатҳои хеш тамоми имкониятҳоро ҷиҳати ноил шудан ба мақсади асосии худ, яъне нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат бо истифода аз механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ роҳандозӣ менамояд.

Дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2024 ва 2025) ҳадафи таваррум дар доираи 6,0 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ карда мешавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ба арзиши қобили қабули маҳсулоти нафтӣ, инчунин маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Барои устувор нигоҳ доштани нархҳо, Бонки миллӣ ният дорад, ки ба сифати воситаи асосӣ аз меъёри бозтамвил, инчунин пулҳои захиравӣ истифода кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.