Дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маркази ҷудо бунёд мекунанд

Гуфта мешавад, ки ин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ сохта мешаванд. Суроғаи муайян ва замони оғози сохтмон ҳоло маълум нест. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, масъалаи мазкур дирӯз, 26-уми январ, дар мулоқоти Исмоил Маҳмадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Тосиҳиро Айки, сафири Ҷопон […]

Asia-Plus

Гуфта мешавад, ки ин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ сохта мешаванд. Суроғаи муайян ва замони оғози сохтмон ҳоло маълум нест. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, масъалаи мазкур дирӯз, 26-уми январ, дар мулоқоти Исмоил Маҳмадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Тосиҳиро Айки, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Аз ин федератсия гуфтанд, дар ҳоли ҳозир корҳои омодагӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ идома доранд ва баробари омода шудани ҳуҷҷатҳо сохтмони иншоот оғоз мешавад.

“Дар онҳо асосан давраҳои тамринии ҷудо мегузаронанд. Дар баробари ин, марказҳо на танҳо ба тарбияи ҷисмонии ҷудочиён, балки ба тарбияи ахлоқии варзишгарон низ машғул хоҳанд шуд",- гуфтанд аз федератсия.

Гуфта мешавад, ҳадафи ифтитоҳи чунин муассисаҳо оммавигардонӣ ва рушди ин навъи варзиш миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла духтарон ва ҷорӣ кардани он дар мактабҳо аст.

Дар мулоқоти раиси федератсияи ҷудо бо сафири Ҷопон ҳамчунин, барои бастани қарордод бо мутахассисони ҷудои ҷопонӣ барои омодагии тими миллии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелес соли 2028 музокирот кардаанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, Исмоил Маҳмадзоир аз Тошихиро Айки даъват намуд, ки аз Чемпионати ҷумҳуриявии дзюдо, ки рӯзҳои 11-12 феврали соли 2023 баргузор мешавад, дидан намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.