Пешниҳоди афви 500 ҳазор муҳоҷири бинокори тоҷик дар Русия

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи сохтмони Русия машғули кор буданду барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ин пешниҳод рӯзи панҷшанбе аз ҷониби президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков садо додааст. “Фикр мекунам, ҳоло вақти таҳияи […]

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи сохтмони Русия машғули кор буданду барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ин пешниҳод рӯзи панҷшанбе аз ҷониби президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков садо додааст.

“Фикр мекунам, ҳоло вақти таҳияи механизмҳои ба истилоҳ афви қувваи кории хориҷӣ расидааст, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст. Зеро ин нерӯи кории хориҷӣ лозим буда, онҳо аллакай таҷриба ва малакаҳои кор дар Русияро доранд”, – иброз доштааст Глушков ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи муҳоҷироне, ки барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ шудаанд, хеле зиёд буда, танҳо дар Тоҷикистон қариб 0,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

“Ҳарчанд қонушиканиҳо гуногун бошанд ҳам, аксари онхо парвандахои маъмурӣ мебошанд, масалан, напардохтани ҷарима ё риоя накардани реҷаи будубош дар каламрави Русия”, – гуфтааст вай.

Глушков ҳамчунин изҳор доштааст, ки аллакай таҷрибаи судие роиҷ мешавад, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷ ба додгоҳ шикоят бурда, ҳуқуқи баргаштан ба Русияро барои истифодаи меҳнати худ мегиранд.

Роҳбари иттиҳодияи бинокорон таъкид доштааст, ки соли 2022 дар Русия ҳудуди 6,5 млн нафар ба бинокорӣ машғул шуда, бо назардошти ҳадафҳои рушди соҳаи сохтмон, соли 2030 шумори онҳо бояд то 8 млн нафар зиёд шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 40%-и хатмкунандагони муассисаҳои таълими соҳаи сохтмони Русия бо ихтисоси гирифтаашон кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, соли 2022 кормандони ин ниҳод ба 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба ин вилоятро манъ карданд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, нисбат ба соли 2021 дар зарфи 11 моҳи соли гузашта шумори ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 10% афзуда, тайи 5 соли ахир ин нишондиҳанда баландтарин аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.