Кумитаи меъморӣ ва сохтмон наздики 4800 камбудӣ ошкор кардааст

Date:

Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки биноҳои камбудӣ доштаро ҳудуди 1 млн 186 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

“Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 886 сохтмони иншоотҳо ҷараён дорад”,-гуфт Мирзозода.

Ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар соли 2022 ба масоҳати умумии 1,7 млн метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 19 дарсад зиёд будааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияҳои Вахш, Балҷувон пурра ба анҷом расида, ҳоло дар раванди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Низом Мирзозода аз норасоии кадрҳои сатҳи байналмиллӣ дар Кумита нигаронӣ карда, гуфт, ки дар хориҷ аз кишвар 42 нафар таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод 22 нафарашон меъморанд ва Кумита бо онҳо дар тамос аст ва пас аз хатми донишгоҳ ба онҳо шароити корӣ фароҳам месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...