Ҳалокати ду нафар бар асари таркиши қубур дар “Моҳирсемент”

Дар натиҷаи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар дар Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 6 нафари дагар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар натиҷаи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар дар Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 6 нафари дагар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Ҳодиса 31-уми январи соли 2023, дар пайи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар, ки ҳарорати семент дар он то 150 дараҷа гармӣ мерасад, рух додааст. Дар натиҷа 8 нафар кормандон зарар дидаанд ва ду нафари онҳо, аз ҷумла як шаҳрванди кишвари Чин фавтидаанд”, – гуфт Ҷамшед Маҳмадзода.

Ба гуфти манбаъ, ду нафар дар натиҷаи сӯхтани 99 дарсади аъзои баданашон ба ҳалокат расидаанд. 6 нафари дигар айни ҳол дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Як нафаре аз бистаришудаҳо, барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст”, – иброз дошт Ҷамшед Маҳмадзода.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи семент дар ҷануби кишвар буда, маҳсулоти он на фақат дар бозори дохилӣ, балки минтақавӣ низ фурӯхта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.