Иштироки беш аз 20 ширкати сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Berlin 2023

Беш аз 20 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байнулмилалии ITB Berlin 2023 намояндагӣ мекунанд. Тавре ки Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар масоҳати 20 метри мураббаъ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад. “Беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Беш аз 20 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байнулмилалии ITB Berlin 2023 намояндагӣ мекунанд.

Тавре ки Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар масоҳати 20 метри мураббаъ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.

“Беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартариятҳои рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷикро ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ҳамчун барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат хеле муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад.

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байнулмилалии ITB Berlin 2023 аз 7 то 9 март дар шаҳри Берлин (Олмон) баргузор мешавад.

Намоишгоҳи ITB Berlin таърихи тӯлонӣ дошта, аз соли 1966 инҷониб доир мегардад. Тӯли ин давра он ба яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳон дар соҳаи тиҷорати сайёҳӣ табдил ёфт. Соли 2023 намоишгоҳ ба шакли нави кор мегузарад: дар он чорабиниҳое баргузор хоҳанд шуд, ки танҳо барои тамошогарони мутахассис, харидорон ва ВАО пешкаш мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.