Суғд: Беш аз 150 зиндонии собиқ бо кор таъмин шудаанд

Date:

Дар вилояти Суғд давоми соли 2022 ҷамъан 155 нафар зиндонии собиқро бо кор таъмин намуда, ба 3 нафари дигар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки дар умум барои пайдо кардани кор ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 323 зиндонии собиқ муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 307 нафар муроҷиаткарда ба қайди расмӣ гирифта шудааст, ки 291 нафари онҳо мард ва 16 нафар зан мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шермуҳаммад Нодирӣ

“Аксари зиндониёни собиқи корҷӯ дар соҳаи сохтмон, саноат ва хоҷагии коммуналӣ бо кар таъмин карда шуданд”, – гуфт  Шермуҳаммад Нодирӣ.

Ҳамчунин, ба 271 нафар зиндонии собиқ, ки дар қайди корҷӯёни Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарор доранд, кӯмакпулӣ пардохта шудааст.

“Тибқи талаботи қонун ба се гуруҳи шаҳрвандон кӯмакпулӣ пардохта мешавад: нафарони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, зиндониёни собиқ ва онҳое, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст. Ин кумакпӯлӣ солҳои қабл 400 сомонӣ буд, аз якуми июли соли ҷорӣ 600 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се  моҳ пардохт карда мешавад”, – гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...