Суғд: Беш аз 150 зиндонии собиқ бо кор таъмин шудаанд

Дар вилояти Суғд давоми соли 2022 ҷамъан 155 нафар зиндонии собиқро бо кор таъмин намуда, ба 3 нафари дигар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки дар умум барои […]

Дар вилояти Суғд давоми соли 2022 ҷамъан 155 нафар зиндонии собиқро бо кор таъмин намуда, ба 3 нафари дигар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки дар умум барои пайдо кардани кор ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 323 зиндонии собиқ муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 307 нафар муроҷиаткарда ба қайди расмӣ гирифта шудааст, ки 291 нафари онҳо мард ва 16 нафар зан мебошанд.

“Аксари зиндониёни собиқи корҷӯ дар соҳаи сохтмон, саноат ва хоҷагии коммуналӣ бо кар таъмин карда шуданд”, – гуфт  Шермуҳаммад Нодирӣ.

Ҳамчунин, ба 271 нафар зиндонии собиқ, ки дар қайди корҷӯёни Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарор доранд, кӯмакпулӣ пардохта шудааст.

“Тибқи талаботи қонун ба се гуруҳи шаҳрвандон кӯмакпулӣ пардохта мешавад: нафарони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, зиндониёни собиқ ва онҳое, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст. Ин кумакпӯлӣ солҳои қабл 400 сомонӣ буд, аз якуми июли соли ҷорӣ 600 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се  моҳ пардохт карда мешавад”, – гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.