Ифтитоҳи хатсайрҳои “Аэрофлот” аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия хатсайрҳои мустақими доимиро аз Санкт-Петербург ба Душанбе боз мекунад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 иҷро карда мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат. Гуфта мешавад, парвозҳо бо ин хатсайр аз рӯзи 12 март оғоз мешаванд. Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои ширкат ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия хатсайрҳои мустақими доимиро аз Санкт-Петербург ба Душанбе боз мекунад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 иҷро карда мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, парвозҳо бо ин хатсайр аз рӯзи 12 март оғоз мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои ширкат ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе бо ин хатсайр парвоз анҷом медиҳанд.

Аз ҷумла, парвоз бо хатсайри SU762 аз Санкт-Петербург соати 0:30 муқаррар шуда, соати 7:35 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз бо хатсайри SU763 аз Душанбе соати 8:55 таъин шуда, соати 12:25 дақиқа ба Санкт-Пеӣербург мерасад.

“Парвози ҳавопаймоҳои “Аэрофлот” ба пойтахти Тоҷикистон ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳо мусоидат намуда, инчунин имконот барои сайёҳиро тақвият мебахшанд”, – омадааст дар хабар.

Бо ҷадвали парвозҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ шинос шудан мумкин аст. Фармоиш (брон) ва харидани билет дар сомонаи “Аэрофлот”, замимаи мобилӣ, бо телефонҳои шабонарӯзи фаъоли маркази иттилотт ва фармоиш +7-495-223-5555 (Маскав), 8-800-444-5555 (занг дар Русия ройгон), тариқи USSD-фармоиш *555 (барои телефонҳои мобилӣ), дар нуқтаҳои фурӯши ширкат ва агентҳо имконпазир аст.

“Аэрофлот” бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия мебошад, ки аллакай 99 сол инҷониб фаъолият дорад. Ба ҳайати Гурӯҳи ҳамном инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии "Россия" ва "Победа" шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2021 ширкат барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта буд. Он замон ширкат бо хатсайри Душанбе-Маскав якчанд парвоз анҷом дод. Акнун парвозҳо доимӣ ба иҷро расонида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.