Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 21 ҳазор гузашт

Теъдоди қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия ба 21 051 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории CNN бо такя ба мақомоти ду кишвар хабар медиҳад. Фуат Октай, муовини раисҷумҳури Туркия гуфтаас, теъдоди ҳалокшудагон ба 17 674 нафар расида, беш аз 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бинобар гузориши расонаҳои давлатии Сурия дар ин кишвар дасти кам […]

Теъдоди қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия ба 21 051 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории CNN бо такя ба мақомоти ду кишвар хабар медиҳад.

Фуат Октай, муовини раисҷумҳури Туркия гуфтаас, теъдоди ҳалокшудагон ба 17 674 нафар расида, беш аз 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бинобар гузориши расонаҳои давлатии Сурия дар ин кишвар дасти кам 3377 нафар, аз ҷумла 2030 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришиён дар шимолу ғарб ва 1347 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумати Сурия ба қалокат расидаанд.

Теъдоди захмиён дар Сурия дар тамоми манотиқи осебдида ба 5245 нафар расидааст: 2295 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумат ва 2950 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришиён.

Бар асоси гузориши ҳукумати Туркия ва расонаҳои давлатии Сурия, дар умум дасти кам 78 124 нафар дар Сурия ва Туркия бар асари заминларзаи шадид ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки дар Туркия ва Сурия ҳудуди 80 ҳазор наҷотдиҳанда аз 19 кишвар кор мекунанд.

Аз ҷумла, 9-уми феврал 50 наҷотдиҳанда аз Тоҷикистон вориди Туркия шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.