Ҷудокорони тоҷик бо низоми ҷопонӣ машқ мекунанд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии "J-Sport"-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи вазифаи сармураббигии мунтахаби Тоҷикистонро ба дӯш гирифтан қарордод ба имзо расонид. Созишномаро президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадназар ва директори "J-Sport", профессори Донишгоҳи ҷудои Ҷопон Азеки Такахиса имзо карданд. “Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо хушнудӣ қабул кардам. Дар […]

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии "J-Sport"-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи вазифаи сармураббигии мунтахаби Тоҷикистонро ба дӯш гирифтан қарордод ба имзо расонид.

Созишномаро президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадназар ва директори "J-Sport", профессори Донишгоҳи ҷудои Ҷопон Азеки Такахиса имзо карданд.

“Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ин кишвар ба ҷудо воқеан ҳам таваҷҷуҳ доранд. Мо мураббиёну варзишгарони тоҷикро барои такмили маҳорат ба Ҷопон даъват мекунем ва ҳамзамон мутахассисони худро ба Душанбе мефиристем, то дар рушди ин навъи варзиш дар кишвар кумак кунанд”, – гуфтааст Озеки Такахиса.

Сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Тамура Тори изҳор доштааст, ки пешниҳоди федератсияи миллиро бе дудилагӣ пазируфтааст, зеро бо ҳамтоёни тоҷики худ таҷрибаи корӣ дорад.

Ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зикр кардааст, ки ният доранд чемпионати қарибулвуқӯъи 11-12 феврал дар Душанберо дар сатҳи баланд гузаронанд.

Ба гуфтаи Эргаш Маҳмадбеков, барои ба сатҳи байнулмилалӣ расидани ҷудо дар Тоҷикистон, таъсиси Академияи ҷудо ва ифтитоҳи марказҳои ҷудо дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ӯ гуфтааст, минбаъд ҷудокорони тоҷик “танҳо аз рӯи методиаки ҷопонӣ” машқу тамрин хоҳанд кард.

“Минбаъд иштироки ҷудокорони тоҷик дар дигар навъҳои гӯштингирӣ, самбо ва ғайра манъ мешавад, – иброз доштааст ӯ. – Чанде пеш дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор шуд, ки ҷудокорони маъруфе чун Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Нуралӣ Эмомалӣ ва дигарон нияти иштирок дар онро доштанд, лекин мо иштирокашонро манъ кардем”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.