“Бо сабаби набудани гази Ӯзбекистон”. Корхонае дар Леваканд наметавонанд ба кор оғоз кунад

“Осиё кемикал” – яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Леваканд пурра сохта шудааст, аммо бо сабаби норасоии газ дар Ӯзбекистон ва интиқол наёфтани он, наметавонад ба кор оғоз кунад. Дар ин хусус Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ӯ гуфт, корхона барои оғози фаъолият омода аст […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

“Осиё кемикал” – яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Леваканд пурра сохта шудааст, аммо бо сабаби норасоии газ дар Ӯзбекистон ва интиқол наёфтани он, наметавонад ба кор оғоз кунад. Дар ин хусус Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, корхона барои оғози фаъолият омода аст ва роҳбарияти он тайёранд хати аввали истеҳсолиро ба кор андозанд, вале бинобар интиқол наёфтани гази Ӯзбекистон оғози фаъолияти он ба таъхир гузошта шудаст.

Раис гуфт, ҳоло онҳо умедворанд, ки газ дастрас мегардад ва дар наздиктарин муҳлат корхона ба кор андохта мешавад.

“Мо аз ин корхона умеди калон дорем. Ин корхона ба кор шуруъ кунад ба фоидаи шаҳр аст. Зеро дар он беш аз 700 нафар кор мекунанд ва ҳам ин корхона андозро сари вақт пардохт мекунад", – гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Ёдовар мешавем, ки “Осиё кемикал” дар пайи харидории собиқ корхонаи Нуриҳои минералии "Азот" ташкил гардидааст ва ягона корхонаи Тоҷикистон нест, ки бинобар сабаби мушкили норасоии газ дар Ӯзбекистон, бо мушкил рӯбарӯ мегардад. Қаблан кори Маркази барқу гармидии №1-и Душанбе низ бинобар маҳдудияти интиқоли гази Ӯзбекистон ба мушкил печид ва дар сардиҳои ахир натавонист ба аҳолӣ ба таври кофӣ барқу гармӣ диҳад.

Он замон як масъули ин марказ гуфта буд, ки дар робита ба интиқоли газ ба Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар бо мақомоти марбутаи кишвари Ӯзбекистон гуфтушунид доранд. То ҳол маълум нест, ки ин гуфтушунид чӣ самар овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.