Дар “Ҷоми рушд-2023” футболбозони навраси тоҷик барои медали биринҷӣ рақобат мекунанд

Дар шаҳри Минск даври гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2023” ба итмом расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар гурӯҳи “В” зинаи дуюмро ишғол намуда, акнун барои дарёфти медалҳои биринҷӣ рақобат мекунад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан дар се бозӣ дар гурӯҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Минск даври гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2023” ба итмом расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар гурӯҳи “В” зинаи дуюмро ишғол намуда, акнун барои дарёфти медалҳои биринҷӣ рақобат мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан дар се бозӣ дар гурӯҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозиҳоро бо тимҳои Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ анҷом дода, бар тими Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Бо касби 5 имтиёз футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ зинаи дуюмро ишғол намуданд. Мақоми аввалро дар гурӯҳи “В” бо 7 имтиёз тими Русия (U-17) касб кард.

Ба ин тариқ, дар рӯзи хотимавии мусобиқаи “Ҷоми рушд-2023” рӯзи шанбе, 11 феврал мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои дарёфти зинаи сеюм бо тими Русия (U-16) бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:40 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар вохӯрии финалии мусобиқа дастаҳои мунтахаби Қазоқистон (U-17) ва Русия (U-17) бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.