Раиси вилояти Хатлон бунёди баландошёнаҳои навро дар байни хонаҳои кӯҳна манъ кард

Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон бо як дастури худ бунёди биноҳои баландошёнаро дар байни хонаҳо манъ кардааст. Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки симои шаҳри Бохтар куллан тағйир дода шавад. Дар ин бора Амонулло Салимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Худи Давлаталӣ Саид бошад, ба қавли муовини аввалаш, дар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон бо як дастури худ бунёди биноҳои баландошёнаро дар байни хонаҳо манъ кардааст. Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки симои шаҳри Бохтар куллан тағйир дода шавад.

Дар ин бора Амонулло Салимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Худи Давлаталӣ Саид бошад, ба қавли муовини аввалаш, дар сафари корӣ қарор доштааст.

Ҳамин тавр, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз симои кунунии шаҳри Бохтар норозигӣ карда, ба масъулин, аз ҷумла раиси шаҳри Бохтар дастур додааст, ки он куллан тағйир дода шавад ва бунёди биноҳои баландошёна низ ба тартиб дароварда шавад.

“Тибқи дастури Давлаталӣ Саид, бунёди биноҳои баландошёна дар майдонҳои холии байни хонаҳои 4-5 ошёна манъ карда шуд. Ба ширкатҳо дигар иҷозат дода намешавад, ки дар майдонҳои холии миёни биноҳои куҳна баландошёнаҳо бунёд кунанд”, – гуфт Амонулло Салимзода.

Ҳамакнун, тибқи нақшаи генералии шаҳри Бохтар, бунёди биноҳои баландошёна дар шафати роҳҳои марказӣ бештар карда мешавад.

Гуфтан лозим аст, ки ин дастури иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар ҳоле содир мешавад, ки сокинон чандин сол ба ин сӯ аз бунёди баландошёнаҳо дар майдончаҳои назди бинои худ шикоят доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.