Агентии содирот: Кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон интиқоли бештари сабзавоту меваро дархост мекунанд

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон кам шуда, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ баръакс, зиёд шуд. Дар ин бора имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотии Агении содирот хабар доданд. Содироти маҳсулоти саноатӣ кам шуд Соли 2022 аз Тоҷикистон ба маблағи 2 млрд 88 млн доллар маҳсулоти саноатӣ содир карда шудааст, ки 1,2% камтар […]

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон кам шуда, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ баръакс, зиёд шуд. Дар ин бора имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотии Агении содирот хабар доданд.

Содироти маҳсулоти саноатӣ кам шуд

Соли 2022 аз Тоҷикистон ба маблағи 2 млрд 88 млн доллар маҳсулоти саноатӣ содир карда шудааст, ки 1,2% камтар аз соли пешин аст.

Ба гуфтаи директори Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода, ҳиссаи асосии содироти маҳсулоти саноатиро маъдану консентрат – 34,1%, металл ва сангҳои гаронбаҳо – 24,7%, нахи пахта – 9,1%, алюминии аввалия – 7,1%, неруи барқ – 4,9% ва сурма – 4,8% ташкил додааст.

Агентӣ ду навъи маҳсулотро номбар кард, ки аз ҳама бештар дар содироти маъдан фоида овардаанд: консентрати мис – 203 млн доллар ва руҳ – 143 млн доллар.

Ба ақидаи Сироҷиддинзода, дар соли 2023 аз афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ интизорӣ меравад. Айни замон дар Тоҷикистон бозор барои содироти намак дар ҳаҷмҳои зиёд ҷустӯҷӯ шуда, сохтмони якчанд корхонаҳои коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст.

Имрӯз Тоҷикистон ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон беш аз 500 номгӯи молу маҳсулот интиқол медиҳад.

Дархости содироти бештари сабзавоту мева аз Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2021 содироти маҳсулоти кишоварзӣ 48% зиёд шудааст. Маблағи умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 54 млн долларро ташкил додааст, ки ҳамагӣ 2,5% аз ҳаҷми умумии содирот аст.

Директори Агентӣ изҳор дошт, ки то манъи содироти пиёз (18 июл) ба маблағи 6,7 млн доллар ҳудуди 67 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содир шудааст.

Дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ сабзавот – 40%, мева – 28% ва хушкмева – 27% афзалият доранд.

Пиёз маҳсулоти нисбатан серталаб буд, ки барои хариди он аз хориҷа пешниҳодҳо зиёдтар шуданд.

Сироҷиддинзода ҳамчунин зикр кард, ки соли 2023 талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон хеле зиёд шуд.

Русия ва Қазоқистон аз Тоҷикистон хостори интиқоли миқдори хеле зиёди меваю сабзавот ҳастанд, аз ин рӯ, Агентии содирот аз корпоратсияҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дархост мекунад, ки истеҳсоли маҳсулотеро, ки дар хориҷи кишвар мавриди ниёз доранд, афзоиш диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, дархостҳо ба содироти пиёз, помидор, карам, меваи тару тоза ва хушк хеле зиёданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.