Соли гузашта беш аз 28 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд

Соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад. Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, “ҳамин […]

asia+, asia+

Соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, “ҳамин қадари дигар соҳибкорон ба қайд гирифта шуданд”, вале аз ироаи омори мушаххас худдорӣ кард.

Номбурда афзуд, ки соли гузашта аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ  гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

“Чунки пешакӣ эҳтиёҷоту нархгузории бозор ва хафвҳои минбаъдаро ба назар намегиранд.  Дар аксари мавридҳо ба қайд мегиранд ва умуман фаъолияти соҳибкорӣ накарда, барҳам дода мешаванд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи соҳибкорон ҳамасола якчанд чорабинӣ мегузаронем. Соли гузашта зиёда аз 200 омӯзиши тренинг гузаронидем ва алфавити соҳибкориро фаҳмонидем”, – шарҳ дод Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.