“Мо тайёр”. Посухи Рамазон Раҳимзода оид ба хатари ҳамлаи 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ аз Афғонистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти Анатолий Сидоров, сардори ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамӣ (СААД)-ро дар робита ба ҳузури тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон шарҳ дод ва гуфт, онҳо ба ҳама таҳдид омодаанд. Ӯ, имрӯз, 15-уми феврал, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар якҷоягӣ бо мақомоти масъули қудратӣ дар робита […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти Анатолий Сидоров, сардори ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамӣ (СААД)-ро дар робита ба ҳузури тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон шарҳ дод ва гуфт, онҳо ба ҳама таҳдид омодаанд.

Ӯ, имрӯз, 15-уми феврал, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар якҷоягӣ бо мақомоти масъули қудратӣ дар робита ба таъмини бехатарӣ дар марз нақшаи чорабиниҳо доранд ва дар сурати таҳдид метавонанд, аз он истифода кунанд.

“Яке аз вазифаҳои муҳими зерсохторҳои мо ҳамроҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунҳои сарҳадотӣ ва дигар мақомоти қудратии масъул таъмини бехатарӣ дар марз аст. Мо ҳамеша тайёр ҳастем, дар чунин ҳолатҳо нақшаи чорабиниҳои якҷоя ҳаст ва мо омадаем, ки дар ҳолати зарурӣ амал кунем”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Ӯ бо ишора ба изҳороти Анатолий Сидоров гуфт, “дар ҳолати зарурӣ, ҳамчунин қувваҳои СААД низ бо мақсади дастгирии сарҳад дастбакор мешаванд”.

Рӯзи 14-уми феврали соли равон сардори ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамӣ (СААД) дар нишасти хабарие гуфт, теъдоди ҷангҷӯёни ба ном “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “ДОИШ” то ҳудуди 6,5 ҳазор афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯй дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд.

Тавре хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, Сидоров гуфтааст, таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротие бармеояд, ки дар Афғонистон ҷой пайдо кардаанд ва “аз ҳама гурӯҳҳои хатарнок “ДОИШ” ва “Ал-қоида” мебошад.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ бори аввал дар шарқи Афғонистон ва дар моҳи январи соли 2015 пайдо шуд. Амрико ва ҳукумати пешини Афғонистон дар охири соли 2019 эълон карданд, ки гурӯҳ қариб аз байн рафт, зеро садҳо ҷангҷӯяшро дар амалиёти зиддитеррористӣ куштанд.

Дар ҳоле ки Толибон мегӯянд, сулҳро дар Афғонистон барқарор кардаанд, шохаи "Хуросон"-и ДОИШ тайи як соли охир дар чанд шаҳри ин кишвар як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ анҷом дод.

Ин гуруҳ иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш рӯзи 12-уми декабри имсол ба як меҳмонхона дар Кобул ҳамла карда, чанд нафарро куштанду чанд каси дигар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Чинро захмӣ карданд. Толибон мегӯянд, се ҳамлавар кушта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.