Имдодгарони тоҷик корҳои рафъи оқибатҳои заминларзаро дар Туркия идома медиҳанд

Date:

Зиёда аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави аз заминларза осебдидаи Қаҳрамонмаръаши Туркия идома медиҳанд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шумори зиёди харобаҳо ва сохтору иншооти ноустувор ба кори наҷотдиҳандагон душвориҳо пеш меорад.

“Тайи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо ҷасади 16 нафарро берун гирифтанд, ки 8 нафарашон кӯдакон буданд. Аз оғози корҳо дастаи наҷотдиҳандагони тоҷик ҷасадҳои 196 нафарро дарёфт ва берун оварданд”, – зикр мекунанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз наҷотдиҳандагони тоҷик се нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун гирифтанд, ки ду нафарашон кӯдакон мебошанд.

Қаблан аз КҲФ-и ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки рӯзи бозгашти наҷотдиҳандагон ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест. Онҳо кумакро ба мақомоти Туркия дар рафъи оқибатҳои заминларза идома медиҳанд.

То субҳи имрӯз, 17 феврал шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 38 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...