Имдодгарони тоҷик корҳои рафъи оқибатҳои заминларзаро дар Туркия идома медиҳанд

Зиёда аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави аз заминларза осебдидаи Қаҳрамонмаръаши Туркия идома медиҳанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шумори зиёди харобаҳо ва сохтору иншооти ноустувор ба кори наҷотдиҳандагон душвориҳо пеш меорад. “Тайи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо ҷасади 16 […]

Зиёда аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави аз заминларза осебдидаи Қаҳрамонмаръаши Туркия идома медиҳанд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шумори зиёди харобаҳо ва сохтору иншооти ноустувор ба кори наҷотдиҳандагон душвориҳо пеш меорад.

“Тайи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо ҷасади 16 нафарро берун гирифтанд, ки 8 нафарашон кӯдакон буданд. Аз оғози корҳо дастаи наҷотдиҳандагони тоҷик ҷасадҳои 196 нафарро дарёфт ва берун оварданд”, – зикр мекунанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз наҷотдиҳандагони тоҷик се нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун гирифтанд, ки ду нафарашон кӯдакон мебошанд.

Қаблан аз КҲФ-и ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки рӯзи бозгашти наҷотдиҳандагон ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест. Онҳо кумакро ба мақомоти Туркия дар рафъи оқибатҳои заминларза идома медиҳанд.

То субҳи имрӯз, 17 феврал шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 38 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.