Қатъи фаъолияти 35 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд давоми як соли гузашта 35 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрдаанд. Ин шумораи ташкилоти ҷамъиятии барҳамхӯрда нисбат ба соли 2021-ум 8 адад зиёд аст. Дар ин бора Насрулло Солеҳзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии ин барҳамхӯрӣ фавти роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ, адами сармоягузор ва […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар вилояти Суғд давоми як соли гузашта 35 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрдаанд. Ин шумораи ташкилоти ҷамъиятии барҳамхӯрда нисбат ба соли 2021-ум 8 адад зиёд аст. Дар ин бора Насрулло Солеҳзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии ин барҳамхӯрӣ фавти роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ, адами сармоягузор ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад.

“Ин 35 ташкилоти ҷамъиятӣ бо қарори раҳбаронашон барҳам дода шудаанд. Дар давоми се соли охир ягон ҳолати тариқи суд барҳам хӯрдани ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфт Солеҳзода.

Насрулло Солеҳзода аз се ташиклоти ҷамъиятии барҳамхӯрда – “Пайванди дилҳо”-и шаҳри Панҷакент, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Дарё”-и ноҳияи Ашт ва “Федератсияи фитнес ва бодибилдинги вилояти Суғд”-и шаҳри Хуҷанд ном бурд.

Таврӯ ӯ зикр кард, ташкилоти ҷамъиятии “Пайванди дилҳо”-и шаҳри Панҷакент, ки ҳадафаш дастгирии  ҷавонони имконияти маҳдуд буд, аз сабаби наёфтани сармоягузор фаъолияташро қатъ кардааст.

“Аз сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани роҳбари ташкилот Набӣ Турсунов – Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Дарё”-и ноҳияи Ашт фаъолияташро барҳам дод”, – гуфт номбурда.

Инчунин, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи фитнес ва бодибилдинги вилояти Суғд”-и шаҳри Хуҷанд барҳам хӯрдааст. Ҳадафи ташкилот, ки рушд ва сайқал додани намудҳои варзиши бодибилдинг дар вилояти Суғд буда, роҳбараш – Мунир Асатуллоев баъди наомадани тамрингарон ба варзишгоҳ  ташкилоташро барҳам додааст.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд аз соли 2007 то имрӯз 761 адад ташкилоти  ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 331 адад барҳам дода шудааст.

Дар тамоми Тоҷикистон бошад, тибқи иттилои Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия, соли 2022 қариб 500 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 350 адад зиёд мебошад: соли 2021 фаъолияти 138 ташкилоти ҷамъиятӣ қатъ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.