Ба вилояти Суғд беш аз 31 ҳазор мошин бо маблағи 125 млн доллар ворид шудааст

Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба  маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11  300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд  мебошад. Соли гузашта 20 ҳазору 128 мошин ба маблағи 76 млн доллари амрикоӣ ворид шуда буд. Дар ин […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба  маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11  300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд  мебошад. Соли гузашта 20 ҳазору 128 мошин ба маблағи 76 млн доллари амрикоӣ ворид шуда буд.

Дар ин бора Анвар Оқилов, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ин миқдор мошин ба вилояти Суғд асосан аз  давлатҳои  Аврупо, Чин, Гурҷистон, Русия, Корея ва Ӯзбекистон ворид шудаанд ва соли барориши аксари онҳо пас аз соли 2005 мебошад.

“Фақат як маҳдудият ҳаст, мошинҳое, ки соли бароришаш то соли 2005 аст, воридоташ манъ мебошад. Зеро талаботи қонунгузорӣ чунин аст ва мо дар доираи талаботи қонун воридоти онҳоро иҷозат намедиҳем”, – гуфт Анвар Оқилов.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар сурати кушиши воридкунии чунин навъи мошинҳо, мақомоти гумрук онро манъ мекунад ва амборҳои махсус нигаҳ медорад. Дар ҳолати зарурӣ ва бо иҷозаи худи соҳиби мошинҳо он бозсодирот ё худ реэкспорт карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.