Арабистони Саудӣ ба осебдидагони ВМКБ 1,5 млн доллар кӯмак мефиристад

Арабистони Саудӣ ба сокинони аз тарма осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар кӯмак мефиристад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ироаи кӯмак зимни ташрифи ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои […]

Арабистони Саудӣ ба сокинони аз тарма осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар кӯмак мефиристад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ироаи кӯмак зимни ташрифи ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ ба ин Кумита баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон низ муҳокима гардидааст.

“Дар ин дидор дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии осебдидаи Тоҷикистон аз офатҳои табиии зимистони соли ҷорӣ ва ҳамчунин, кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд”,- менависад манбаъ.

Таъкид мешавад, ки ин ёриҳо ба 12 ҳазор аҳолии ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва бар асоси муоҳада ёрии Бунёди Шоҳ Салмон аз тариқи Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон муддати 6 моҳи соли 2023 тақсим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Зарари дар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.