Паёмади тармафуроӣ дар Хоруғ. 1,7 млн сомонӣ зарар дар сохтори энергетикии Бадахшон

Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари тар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ баҳогузорӣ намуд. Тавре саҳифи фейсбукии МИҲД – и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Сорбон Холмуҳаммадзода, дирӯз, 21-уми феврал, дар ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод ва […]

Asia-Plus

Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари тар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ баҳогузорӣ намуд.

Тавре саҳифи фейсбукии МИҲД – и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Сорбон Холмуҳаммадзода, дирӯз, 21-уми феврал, дар ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод ва гуфт, сарфи назар аз он, ки садамаҳо сари вақт бартараф ва сокинони вилоят бо нерӯи барқ таъмин гардиданд, дар пайи офатҳои табиии такрорӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят, боз норасогӣ ба назар мерасад ва дар давоми рӯз бартарафкунии он идома хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, дар зимни ҷаласа Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва роҳбари Ситод таъкид намудааст, ки пеш аз ҳама сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида, барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

“Тибқи эҳтиёҷот барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5 тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад, зеро дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад”, – гуфтааст Қоҳир Расулзода.

Бояд гуфт, ки Қоҳир Расулзода 20-уми феврал ба шаҳри Хоруғ, ки дар пайи тармафуроӣ чандин нафар ба ҳалокат расидаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, сафар кард ва бо вазъ шинос шуд. Ӯ аз аҳволи зарардидагон ва ҷароҳатбардоштагон низ дидан кард.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пас аз ин, аз Фонди захиравии президент ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар ВМКБ 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.