Ба оилаи қурбониён 40 ҳазор, ба осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ. Кӯмак ба зарардидагони тарма дар Хоруғ

Ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВМКБ хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ҳамчунин, барои ҳар як оилаи зарардида кӯмаки яквақтаинаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон расонида шуд. Гуфта мешавад, ки расонидани кӯмакҳо 17-уми феврал оғоз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВМКБ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ҳамчунин, барои ҳар як оилаи зарардида кӯмаки яквақтаинаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки расонидани кӯмакҳо 17-уми феврал оғоз гардида, онро гурӯҳи кории ҳукумати ВМКБ ба оилаҳо супориданд.

Аз ҷумла, ба оилаи Шовалиевҳо, ки рӯзи 15-уми феврал дар пайи тармафуроӣ падару писарро аз даст дода буданд, 80 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ ва ҳамчунин 10 халта орд, 50 литр равған, 50 кило биринҷ ва 50 кило шакар дастрас карда шуд.

Ба иттилои гузорише, ки Телевизиоин “Тоҷикистон” нашр кард, кӯмаки якдафъаина аз ҳисоби фонди президент ҷудо шуда, дар маҷмӯъ, 18 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 12,5 ҳазор кг орд, 2,5 ҳазор кг шакар, 1 ҳазору 250 литр равған, 1 ҳазору 250 кг биринҷ ва маҳсулоти дигар ҷудо шудааст.

“Ҳамчунин, 250 кат бо ҷиҳози хоб, маҷмӯи сару либос, 50 печи алобӣ ва як миқдор гармкунаки электрикӣ ба оилаҳои зарардида фиристода шуд”, – омадааст дар гузориши ТВ “Тоҷикистон”.

Ҳамчунин, имрӯз, 20-уми феврал Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ дидан кард. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод ва гуфт, дар шаҳри Хоруғ котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода, раиси КҲФ Рустам Назарзода, вазири саноат Шералӣ Кабир, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва нақлиёт низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи вай, аъзои ҳайати ҳукуматӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маркази маъмурии ВМКБ шинос шуданд.

Онҳо инчунин шаҳрвандони маҷрӯҳшударо дар беморхона аёдат карданд.

Сарвазир пас аз шиносоӣ бо корҳои барқарорсозӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонии ба нақша гирифташударо барои бесарпаноҳон ҳарчи зудтар анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафароии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКБ 18 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони қурбониён таслият изҳор намуда, комиссияи вижаеро барои бартараф намудани хисорот таъсис дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.