Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди сифати таҳсилоти миёна 50 млн доллар медиҳад

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 23 феврал пешниҳоди грантро ба маблағи 50 млн доллар барои амалисоҳии лоиҳа дар самти беҳбуди таълим ва таҳсил дар низоми маълумоти миёнаи Тоҷикистон маъқул шуморид. Кумаки бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад. “Бо вуҷуди дар сатҳи баланд қарор доштани дастрасӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 23 феврал пешниҳоди грантро ба маблағи 50 млн доллар барои амалисоҳии лоиҳа дар самти беҳбуди таълим ва таҳсил дар низоми маълумоти миёнаи Тоҷикистон маъқул шуморид.

Кумаки бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.

“Бо вуҷуди дар сатҳи баланд қарор доштани дастрасӣ ба маълумоти миёна дар Тоҷикистон, ки дар соли 2019 96,5%-ро ташкил дод, сифати таълим паст боқӣ мемонад”, – зикр мешавад дар варақаи итттилоотии Бонки ҷаҳонӣ.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли бар ин назар аст, ки таҳсил маблағгузории муҳим ба сармояи инсонӣ буда, ба маоши бештар баланд ва рушди ММД вобаста аст.

“Мо аз ин сармоягузории нав хеле қаноатмандем, зеро ҳадафи он беҳбуди таълим ва таҳсил ҷавонон буда, аз рушди имконот ва арзёбии таҳсил ҷиҳати бунёди нзоми бештар масъул, муассир ва фарогиранда дастгирӣ мекунад”, – изҳор доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа таҳия ва роҳандозии низоми нави милии таълим ва таҳсил, дар марҳидаи дуюм – маблағгузорӣ ва таъмиру барқарорсозии мактабҳо ва дар марҳилаи сеюм – тақвияти имконоти кишвар дар мавриди баргузории арзёбиҳои миллӣ ва байнулмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоил дар назар дошта шудааст.

Интизор меравад, ки ин сармоягузориҳо мустақиман ба 40 ҳазор хонанда ва 1,2 ҳазор омӯзгор аз 65 мактаби мавриди ҳадаф манфиат хоҳанд овард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.