Дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз шуд

Раёсати экология ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” (“Сайри диёр”) дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз карданд. Дар он ба сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон, фарҳангу таърих ва расму оинҳои кишвар маълумоти муфассал дода шуда, ғайр аз ин, маҷмӯи васеи хидматрасониҳо пешниҳод мешавад. Марказ (дар кӯчаи Нисор Муҳаммад,81 […]

Раёсати экология ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” (“Сайри диёр”) дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз карданд.

Дар он ба сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон, фарҳангу таърих ва расму оинҳои кишвар маълумоти муфассал дода шуда, ғайр аз ин, маҷмӯи васеи хидматрасониҳо пешниҳод мешавад.

Марказ (дар кӯчаи Нисор Муҳаммад,81 воқеъ аст) бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин аст. Он аз кабинети иттилоотӣ ва 3 ҳуҷра барои иқомати муваққатӣ иборат буда, ба сайёҳон мошинҳои қулай барои ҳамагуна сафар, нуқтаи мубодилаи асъор, Wi-Fi, нуқтаи пур кардани тавозуни алоқаи мобилӣ ва интернет пешниҳод мешаванд.

“Ҳадафи аслӣ ҷолиб нишон додани Тоҷикистон барои сайёҳон аст, – мегӯяд роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” Умедшоҳ Саидов. – Пеш сайёҳонро лозим меомад, ки худашон симкорту ҷойи иқомати муваққатӣ дарёфт кунанду хатсайрҳову нақлиётро муайян кунанд. Акнун анҷоми ҳамаи ин корҳо дар як ҷой имконпазир шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар оянда тавсеъаи бахши хидматрасонӣ ва ифтитоҳи нуқтаҳои нави хидматрасонӣ барои сайёҳон дар саросари кишвар дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.