Иқдоми қарзии “Баракати баҳор”

Ба муносибати баҳори оламафрӯз ва “Наврӯзи аҷам” ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” меъёри фоизиро паст намуда, иқдоми қарзии “Баракати баҳор”-ро бо беҳтарин имтиёзҳо пешниҳод мекунад. Қарзҳо аз 500 000 сомонӣ то 3 000 000 сомонӣ буда, бо асъори миллӣ аз 16 фоиз солона ва асъори хориҷӣ (доллари ИМА) аз 7 фоиз солона иборат мебошанд. Иқдоми […]

Варақаи иттилоотӣ

Ба муносибати баҳори оламафрӯз ва “Наврӯзи аҷам” ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” меъёри фоизиро паст намуда, иқдоми қарзии “Баракати баҳор”-ро бо беҳтарин имтиёзҳо пешниҳод мекунад.

Қарзҳо аз 500 000 сомонӣ то 3 000 000 сомонӣ буда, бо асъори миллӣ аз 16 фоиз солона ва асъори хориҷӣ (доллари ИМА) аз 7 фоиз солона иборат мебошанд.

Иқдоми мазкур қарзҳои соҳибкориро барои доираи васеи соҳибкорон ва ташкилотҳои хурду миёна, занони соҳибкор ва қарзгирандагоне, ки ба савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод менамояд. Ин иқдом баҳри рушди соҳибкорӣ, беҳбуди сифати зиндагии мардум ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Паст кардани меъёри фоизӣ баҳри дастгирии мизоҷон барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо тавассути пешниҳоди дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ мебошад.

Иқдоми мазкур аз 16-уми феврали соли 2023 то 30-уми апрели соли 2023 давом мекунад.

Дар иқдом таҷриба ва собиқаи қарзии соҳибкор ба назар гирифта шуда, дар асоси он имтиёзҳо низ пешниҳод карда мешавад.

Фоизи солона барои қарзҳои аз 500 000 то 1 000 000 сомонӣ:

Фоизи солона барои қарзҳои аз 1 000 000 то 3 000 000 сомонӣ:

Бояд гуфт, ки Аввалин бонки молиявии хурд илова ба дафтари марказии худ дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар минтақаи Рашт – ноҳияи Ғарм, ВМКБ – шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар филиалҳо дорад. Ду филиали шаҳри Душанбе, ки ба онҳо 36 МХБ (Маркази хизматрасонии бонкӣ), ки ба ноҳияҳои наздишаҳрӣ ва деҳоти атроф пайванд мебошанд, хизматрасонӣ менамоянд.

Ба ғайр аз иқдоми васеъи “Баракати баҳор” Бонк дар ин мавсим иқдоми қарзии “Занони соҳибкор-2023” ва “Ҳосили фаровон”-ро низ бо беҳтарин имтиёзҳо амалӣ менамояд.

Барои рушд ва пешбурди ҳама гуна тиҷорат дар тамоми соҳаҳои фаъолият дастгирии бахши молиявӣ муҳим ва зарур аст. Имрӯз, Аввалин бонки молиявии хурд барои қонеъ гардонидани интизориҳои муштариён, таъмини захираҳои молиявии дастрас ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста кӯшиш менамояд.

Аввалин бонки молиявии хурд шарики рушди шумо аст!

www.fmfb.tj

Маркази тамос: 0909

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.