Тоҷикистон кишвари ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ дониста шуд

Тоҷикистон ба ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Малайзия. Ин ҷоиза ба Тоҷикистон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) дар маросим зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ – «RHA SDN […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистон ба ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Малайзия.

Ин ҷоиза ба Тоҷикистон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) дар маросим зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ – «RHA SDN BHD» тақдим шуд.

Гуфта мешавад, расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.

Қаблан рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки соли 2022 999,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 3,4 баробар ё худ 703 ҳазор нафар сайёҳ зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Зикр гардида буд, ки  сайёҳон аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон – 690 ҳазор нафар, Русия – 136 ҳазор нафар, Қазоқистон – 25 ҳазор нафар, Туркия – 7,5 ҳазор нафар ва ИМА- ҳудуди 7 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.