Боздошти сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии маводи нашъаовар дар Хатлон

Нодир Муродзода, сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо ҷурми қаллобӣ ва кушиши гирифтани пора дастгир шудааст. Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ин хабарро тасдиқ карда, гуфт Нодир Муродзода якҷо бо чанд кормандаш ду ҳафта пеш дастгир […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Нодир Муродзода, сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо ҷурми қаллобӣ ва кушиши гирифтани пора дастгир шудааст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ин хабарро тасдиқ карда, гуфт Нодир Муродзода якҷо бо чанд кормандаш ду ҳафта пеш дастгир шуда буд.

Ин манъбаъ аз ироаи иттилои бештар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Қаблан, дар хусуси боздошти Нодир Муродзода Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд. Ин расона бо такя ба манобеи худ навишт, ки “полковник Муродзода дар тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад”.

То ҳол вобаста ба ҳолати мазкур назари Нодир Муродзода ва наздиконаш дастрас нест.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти тафтишотӣ манависад, ки “Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад”.

Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки Нодир Мурозода қаблан Федератсия волейболи кишварро роҳбарӣ мекард ва дар вазифаҳои гуногуни ВКД низ фаъолият кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.