Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов дар куҷост?

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, тақрибан, соати 15:00-15:30-и рӯзи 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст. Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират […]

Asia-Plus

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, тақрибан, соати 15:00-15:30-и рӯзи 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

“Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, – гуфт як манбаъи мо аз ин идора.

Наздикони журналист ҳам тасдиқ карданд, ки якшабонарӯз ӯро наметавонанд пайдо кунанд ва хабар надоранд, ки ӯ дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст.

“Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, – шарҳ дод яке аз наздикони рӯзноманигор.

Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ дар бораи макони дақиқи нигоҳдошти ин рӯзноманигор дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент бенатиҷа анҷом ёфт.

Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент баъди шунидани суол дар бораи эҳтимоли боздошти Хуршед Фозилов гуфт, “ман ӯро намешиносам” ва гӯширо гузошт.

Хуршед Фозилов қаблан барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) гумонбар буд. Ӯро ҳамроҳи чанде аз рӯзноманигорони дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон нишон дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.