Дар Тошканд ҷаласаи аввалини фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон оғоз ёфт

Хабаргузории ӯзбекии “Дунё” менависад, ки дар ҷаласаи аввалини фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон намояндагони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон ва Русия иштирок доранд. Ҷаласаро фиристодаи вижаи Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев ҳусни оғоз бахшидааст. “Ҳайатҳо вазъияти кунунии Афғонистон, аз ҷумла ҷанбаҳои башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли […]

Хабаргузории ӯзбекии “Дунё” менависад, ки дар ҷаласаи аввалини фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон намояндагони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон ва Русия иштирок доранд.

Ҷаласаро фиристодаи вижаи Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев ҳусни оғоз бахшидааст.

“Ҳайатҳо вазъияти кунунии Афғонистон, аз ҷумла ҷанбаҳои башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли вазъ дар ин кишвар ва барқарории сулҳу суботи комил дар он табодули афкор намуданд”, – менависад ин расона.

Ҳамчунин, дар ин нишаст ширкаткунандагон макон ва замони баргузории нишасти дувуми фиристодагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро муайян карда, ҳамчунин дар бораи замони баргузории 4-умин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тошканд табодули назар хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.